Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Покистон раҳнамуди муносибот бо Амрикоро пазируфт


Порламони Покистон рӯзи панҷшанбе ба иттифоқи оро раҳнамуди наверо дар бораи муносибатҳояш бо Амрико ба тасвиб расонд. Тибқи ин раҳнамуд имкон дорад роҳҳои ҳамлу нақл барои нируҳои НАТО аз Афғонистон тавассути Покистон дубора боз шавад. Хадамоти амнияти милии Покистон пешнависи ин раҳнамудро таҳия кардаанд. Дар пешнавис шартҳое омадааст, ки ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бар зидди тундравҳо дар қаламрави Покистон бояд хотима дода шавад ва аслиҳаву муҳимоти низомӣ аз қаламрави ин кишвар интиқол дода нашавад.

Ин раҳнамудро бояд ҳукумати Покистон ба тасвиб расонад, вале Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири ин кишвар дар иҷлоси порламони кишвараш гуфт, ки ҳукумати вай омода аст ин раҳнамудро бидуни чуну чаро “ҳарф ба ҳарф”иҷро кунад.

Баъд аз ҳамлаи ҳавоии нируҳои НАТО ва Амрико дар 26 ноябри соли гузашта ва куштори 24 нафар сарбозони артиши Покистон ин кишвар роҳҳои ҳамлу нақл то ба роҳҳои обиро бар рӯи нируҳои НАТО ва Амрико баст.

Интизор меравад, ки ин шарту шароити Покистонро нируҳои НАТО ва мақомоти расмии Амрико бипазиранд. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, “мо омодаем ин пешниҳодҳоро бо ҳукумати Покистон баррасӣ кунем”.
XS
SM
MD
LG