Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости 8 кишвари санъатии ҷаҳон аз Эрон


Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқоти Ҷӣ-8

Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқоти Ҷӣ-8

Вазирони корҳои хориҷаи Ҷӣ-8 ё 8 кишвари санъатии ҷаҳон дар мулоқоти худ дар Вошингтон аз Эрон хостаанд, ки “бидуни ҳеҷ шарту шароит дар музокироти созандаву ҷиддӣ” ширкат ҷӯяд. Ин музокирот дар поёни ҳафтаи ҷорӣ дар Истамбули Туркия роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон баргузор мешавад ва дар он кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ширкат мекунанд. Вазирони корҳои хориҷа дар поёни мулоқоти худ дар Вошингтон эъломияе ба тасвиб расонданд ва дар он омадааст, “саркашии пайдарпаи Эрон аз иҷрои ӯҳдадориҳояш, ки дар қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ нишон дода шудааст ва саркашиҳои Эрон аз дархостҳои Шӯрои мудирони Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ сабаби нигарониҳои фаврӣ шудааст”.
XS
SM
MD
LG