Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди баъзе аз муноқишаҳои хурд, тарафҳо дар Сурия, ба сурати умум шартҳои созиши оташбасро иҷро мекунанд.

Субҳидами панҷшанбе, 12-уми апрел, дар минтақаҳое, ки як рӯз пеш саҳнаи даргириҳо буданд, оромии том ҳукмфармо гашт. Мақомоти давлатии Сурия мегӯянд, оташбас риоят мешавад. Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, низ гуфт, "авзоъ дар тамоми манотиқи Сурия ором буд, аммо бино ба гузоришҳои нерӯҳои давлатӣ се нафарро дар вилояти Ҳамо ва ҳошияи шаҳри Димишқ куштанд."

Башор Асад (дар байн)

Башор Асад (дар байн)

Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун гуфт, авзоъ дар Сурия, зоҳиран оромтар ба назар мерасад ва ҳоло мавзеъгирии ҳукумати Сурия дар ҳифзи оташбас аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт. Оромӣ дар Сурия баъд аз ҳамлаҳои шадиди нерӯҳои давлатӣ ба такягоҳҳои мухолифони режими раисиҷумҳур Башор Асад ҳукмфармо шуд. Бо назардошти муноқишаву хунрезиҳон, ки беш аз як сол идома ёфта, дар онҳо 9 000 нафар ба ҳалокат расид, на ҳама бовар доранд, ки ин оромӣ пойдор боқӣ хоҳад монд. Ҳусейн Косиб, як паноҳандаи суриягӣ, ки дар урдугоҳи Яйладоғии Туркия, паноҳ бурдааст, аз ҷумлаи онҳост. Ӯ мегӯяд, "ба суханони Асад бовар карда намешавад. Созиши оташбас дер давом нахоҳад кард. Ӯ як сол аст, ки ваъда медиҳад. Фикр намекунам, ки тонку нерӯҳоро аз шаҳрҳо берун кунад. Ӯ дурӯғ мегӯяд. Ҳар гоҳе ки ӯ мегӯяд, ба қатлу куштор хотима медиҳад, баръакс зиёдтар мекушад."

Бар асоси барномаи сулҳи Созмони Милал, Сурия бо риояти оташбас бояд нерӯҳояшро аз шаҳрҳо берун кашад. Ҳукумати Сурия пеш аз қатъи ҷангҳо дар рӯзи 11-уми апрел шарт гузошт, ки ҳақ дорад, худро аз террористоне муҳофизат кунад, ки ба гуфтаи ҳукумат, исён дар Сурия кори дасти онҳост. Айни замон Шӯрои Миллии Сурия аз мардум хостааст, алайҳи режими Башор Асад тазоҳурот кунанд. Зеро ба гуфтаи Бурҳон Қалюн, намояндаи шӯро, “ҳаққи тазоҳурот як банди усулии барномаи сулҳ” аст.

Кофӣ Аннон

Кофӣ Аннон

Бино бар тарҳи сулҳи Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Лигаи Араб, пас аз созиши оташбас бояд нозирони созмон ба Сурия фиристода шаванд ва ҳукумати Башор Асад ва мухолифони давлат ба муколама пардозанд. Пеш аз вориди марҳилаи иҷро шудани созиши оташбас, Сюзан Райс, сафири Амрико дар Созмони Милал гуфт, ваъдаҳои Сурия қобили боварӣ нест: “Иҷоза диҳед, доир ба он чӣ ки мегузарад, возеҳ бигӯем. Ҳоло ки мо сӯҳбат дорем, даргириҳо авҷ мегиранд. Ҳукумати Сурия бо вуҷуди онки ваъда дод аз якуми апрел то дирӯз иқдомоти хасмонаашро қатъ мекунад, баръакс, хушунатҳоро шиддат бахшид. Бо назардошти ҳамин собиқаи Сурия, метавон гуфт, ки ваъдаҳои он боварибахш нестанд.”

Вазорати умури хориҷии Чин бо истиқбол аз ваъдаи Сурия барои риояти созиши оташбас ҳамчунин аз ҳукумати он кишвар хост, дар иҷрои барномаи сулҳи Кофӣ Аннон тадбирҳои мушаххас андешад. Чин ҳамчунин аз мухолифони давлати Сурия хостааст, созиши оташбасро риоят карда ва барои ҳалли сиёсии бӯҳрон саъй кунанд. Чину Русия агарчӣ юа қабули ду қатъномаи Шӯрои Амният алайҳи Сурияро роҳ надоданд, аммо аз маъмурияти Кофӣ Аннон барои поён додан ба муноқиша дар Сурия ҳимоят кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG