Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз партови заҳрҳои кимиёӣ дар Тоҷикистон


Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал анбори заҳрҳои кимиёӣ дар Шӯравии пешинро “таҳдиди ҷиддӣ” унвон карданд.

Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал мегӯянд, партови нуриҳо кимиёӣ дар Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба ҳаёти одамон ва муҳити зист таҳдид мекунад. Ду ҷониб рӯзи панҷшанбе қарордодеро имзо карданд, ки бино бар он якҷоя ба коҳиши ин хатар ёрӣ хоҳанд расонд. Қарор аст, онҳо дар чаҳор соли оянда зиёда аз 9 миллион долларро ба барномаи махсус дар 12 кишвари Шӯравии собиқ харҷ кунанд.

Намояндаи Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал мегӯяд, дар ин кишварҳо “тақрибан 200 000 тонна партови заҳрҳои кимиёвӣ анбор шудааст, ки ба ними партовҳои ҷаҳон баробар аст. Нигаҳдошти беназорати онҳо ба саломатии садҳо ҳазор нафар ва ҳам покизагии муҳити зист ҷиддан таҳдид мекунад.”

Пажӯҳиши мутахассисони Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал нишон додааст, ки вазъ махсусан дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Арманистон, Беларус, Украина ва Молдова бад аст.

Раиси Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал Хосe Гразиано да Силва мегӯяд, “пеститсидҳо шояд барои кишоварзӣ муфиданд, аммо бояд ба гунае истифода шаванд, ки ба саломатии одамон ва муҳити зист таъсири бад нарасонанд.”

Тарҳи пешниҳодии ин созмон ва Иттиҳоди Аврупо нигаҳдошт ва истифодаи боэҳтиёти заҳрҳои кимиёӣ, ислоҳи қонунгузории марбут ба ин, тартиби нави бақайдгирӣ, омӯзониши афроди масъул ва таҳкими огоҳии мардум дар ин мавзӯъро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG