Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон нопадид шудааст


Кимиё Худоёрова, шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон
Кимиё Худоёрова, шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон
Кимиё Худоёрова, шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон, ки шаҳрванди муваққатии Узбакистон буд, як моҳ ба ин сӯ ғайб задааст. Наздиконаш мегӯянд, дар бораи сарнавишти ӯ то ба имрӯз иттилое вуҷуд надорад.

Пас аз қатъ шудани робитаи телефонӣ бо ӯ, наздиконаш дар ҳайати чаҳор нафар, ба шумули волидайнаш, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба ҷустуҷӯи ӯ мераванд.

Аммо аз сӯи пулиси ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё бо иттиҳоми ҷанҷол бо раиси маҳаллаи деҳаи Узун муттаҳам шуда, боздошт шудаанд. Пас аз дахолати консули сафорати Узбакистон дар Душанбе волидайн ва ду хоҳари Кимиё Худоёрова аз сӯи пулис ба марз оварда, раҳо карда мешаванд. То ба ҳол сарнавишти Худоёрова ва ҳам дугонаи ӯ, ки низ ба ҷустуҷӯи ӯ рафтааст, маълум нест.
XS
SM
MD
LG