Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифи режими Эрон шартан 3 сол зиндонӣ шуд


Куруш Заим

Куруш Заим

Рӯзи панҷшанбе яке аз фаъолони ҷумбиши ҷонибдори демократия дар Эрон Куруш Заим ба муддати се сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд. Додгоҳ ӯро бо амали мухолиф ба амнияти миллӣ ва тарғиби зидди Ҷумҳурии исломӣ гунаҳгор донист.
Заими 72-сола узви Ҷабҳаи Миллии мухолифи ҳукумат буда, аз мунаққидони сер сару садои режими Теҳрон ба ҳисоб меравад. Заим дар моҳи феврали соли 2011-ум ҳамагӣ чанд соат баъди пахши мусоҳибаи ӯ бо Радиои Фардо ба ҳабс гирифта шуд. Дар мусоҳибааш Заим гуфта буд, ки режимҳои худкомаи минтақа ногузир бо “таркишҳои иҷтимоӣ” мувоҷеҳ хоҳанд шуд, зеро аксари аҳолии минтақа ҷавонон буда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд. То ҳол маълум нест, ки ҳабси Заим бо мусоҳибааш иртибот дошт ё не?
XS
SM
MD
LG