Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Туркия тафтиши нави низомиёнро оғоз кард


Сарбозони Туркия дар назди бинои додгоҳи шаҳраки Силиврӣ дар арафаи оғози муҳокимаи собиқ афсарони баландпояи ин кишвар

Сарбозони Туркия дар назди бинои додгоҳи шаҳраки Силиврӣ дар арафаи оғози муҳокимаи собиқ афсарони баландпояи ин кишвар

Назар ба гузоришҳо аз Туркия полиси ин кишвар дар чорчӯби тафтиши нави амалкардҳои низомиён кофтукоби хонаҳои низомиёни собиқро барпо намудааст. Мақомоти Туркия мегӯянд, гувоҳномаи боздошти як идда муттаҳамҳо ва аз ҷумла генерали мустаъфӣ Чевик Бир, ки бо кӯшиши барканор намудани ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар соли 1997 муттаҳам мешавад, содир шудааст.
Дар ҳоли ҳозир муҳокимаҳои ҷудогонаи даҳҳо низомиёни мустаъфӣ, афсарон, донишмандон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони турк идома дорад, ки ҳамаи онҳо бо кӯшиши аз байн бурдани ҳукумат муттаҳам мешаванд.
Солҳои ахир муқовимат миёни низомиён, ки худро паноҳгоҳи сохти дунявии Туркия мешуморанд, ва ҳукумати Эрдуғон, ки сар аз соли 2002-ум сари қудрат омада, аслан решаҳои исломӣ дорад, ба авҷи худ расидааст.
XS
SM
MD
LG