Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО таъмини амниятро ба афғонҳо месупорад


Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен

Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен

Рӯзи панҷшанбе дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфт, тибқи барнома паймон тасмим дорад, то охири соли 2014-ум масъулияти таъмини амният дар Афғонистонро бар дӯши нерӯҳои маҳаллӣ биспорад.
Расмуссен ҳангоми зиёрат аз пойгоҳи нерӯҳои афғонии таъйиноти махсус, воқеъ дар канори Кобул, гуфт, то миёнаҳои соли 2013-ум нерӯҳои афғонӣ ҳозир хоҳанд буд, ки дар саросари ин кишвар нақши асосиро бар ӯҳда гиранд.
Феълан шумораи нерӯҳои амниятии Афғонистон ба 330 ҳазор нафар баробар буда, то охири соли равон то 352 ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG