Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров иқдоми сенаторони амрикоиро танқид кард


 Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, қонуне, ки сенаторони амрикоӣ дар робита бо қазияи марги Сергей Магнитский пешниҳод кардаанд, метавонад ба равобити Русияву Амрико латма занад.
Рӯзи чоршанбе дар як сӯҳбати телевизионӣ Лавров иброз дошт, ки ин санад “зиддирусӣ” буда, худ як кӯшиши “дахолат” ба умури дохилии Русия аст.
Вакили мудофиаи 37-сола Магнитский соли 2009-ум дар боздошгоҳи муваққат ба ҳалокат расида буд. Ӯ як идда мақомҳои баландпояи Русияро бо фасод муттаҳам мекард.
Гуфта мешавад, ки дар боздоштгоҳ Магнитский аз назорати тиббӣ маҳрум будааст. Ибтидо ду табиби маҳбас бо беэътиноӣ ба вазифа муттаҳам шуданд, вале ҳафтаи равон мақомоти Русия иброз доштанд, айбномаи ду табиби маҳбас лағв шудааст. Қонуне, ки ҳоло сенаторони амрикоӣ пешниҳод кардаанд, таҳрими он мансабдорони Русияро мадди назар дорад, ки дар поймол намудани ҳуқуқи инсон нақш доштаанд. Ин қонун ҷои иловаи Ҷексон-Веник аз соли 1974-умро хоҳад гирифт, ки тиҷорат бо Иттиҳоди Шӯравиро маҳдуд мекард. Ахиран илова Ҷексон-Веник расман лағв шуд.
XS
SM
MD
LG