Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Sony 10000 нафарро аз кор ҷавоб медиҳад


Фурӯшгоҳи Sony дар шаҳри Токио

Фурӯшгоҳи Sony дар шаҳри Токио

Sony мегӯяд, ки дар давоми 12 моҳи оянда 10000 нафар ё худ 6 % нерӯи кориашро ихтисор хоҳад кард. Ин ширкати азими ҷиҳози электрониву намоиш саъй дорад аз ҳисоби бозсозӣ хасороти молиашро коҳиш диҳад. Рӯзи сешанбе Sony баъди бознигарӣ иброз дошт, ки зиёни имсолаи ин ширкат назар ба пешбиниҳо ду баробар бештар шуда, ба 6,4 миллиард доллар мусовӣ хоҳад шуд. Sony бо рақобати шадиди ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ Samsung ва LG дар фурӯши телевизиорҳо ва бо рақобати ширкати Apple дар фурӯши ҷиҳози шунавоиву телефон рӯ ба рӯ шудааст. Sharp -ширкати дигари электронӣ аз Япония (Ҷопон) изҳор намудааст, ки хасороти имсолааш ба 4,7 миллиард доллар баробар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG