Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири театри "Лӯхтак"-и шаҳри Душанбе гуфт, ҳунармандони театри лӯхтаки Узбакистон дар ҷашнвораи "Чодари хаёл" дар Душанбе иштирок намекунанд.

Севумин ҷашнвораи байнулмилалии театрҳои лӯхтак бо номи "Чодари хаёл", ки то 20-уми апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад, имрӯз (12-уми апрел) ба кори худ шурӯъ намуд.

Ин ҷашнвораи байнулмилалӣ бо ташаббуси вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии Оҷонси ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон ва шӯъбаи Бунёди Сорос доир мешавад. Дар ин ҷашнвора театрҳои лӯхтак аз Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тотористон бо барномаву намоишномаҳои махсус ширкат хоҳанд кард.

Аз Русия дар ин ҷашнвора ду театри лӯхтак аз шаҳрҳои Новосибирск ва Оренбург ва аз Тоҷикистон низ яке театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ва дувумӣ театри лӯхтаки шаҳри Чкаловск иштирок мекунанд.

Кенҷа Иброҳимов, мудири театри "Лӯхтак"-и шаҳри Душанбе гуфт, аммо театри лӯхтаки Узбакистон, ки низ дар шумори даъватшудаҳо қарор дошт, дар ин ҷашнвора ширкат накарда ва мушкилоти иқтсодиро далел овардааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар хатми ин ҷашнвора "гастрол" ва ё сафари ҳунарии театрҳои лӯхтаки Қирғизистон ва шаҳри Оренбурги Русия дар Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Театри Қирғизистон барномаҳои омодакардаи худро барои тамошичиёни Душанбе ва театри Оренбург дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба намоиш хоҳанд гузошт.

Дар дувумин ҷашнвораи "Чодари хаёл", ки моҳи апрели соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ҳунармандон аз Укроин, Белорус, Русия ва Эрон ҳам иштирок карда буданд.

Бар асоси созишномаи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин ҷашнвораи театрҳои лӯхтаки "Чодари хаёл" дар ду сол як бор дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG