Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди Тоҷикистонро чӣ гуна рушд диҳем?


Яке аз назардиҳандагон дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе.

Яке аз назардиҳандагон дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе.

Хабарнигори "Озодӣ" ин саволро бо сокинони пойтахти Тоҷикистон дар миён гузошта ва ҷавобҳои мухталиф гирифт.

Яке аз пешниҳодҳои ҳамсӯҳбатони мо барои рушди иқтисоди, ба қавли онҳо, заифи Тоҷикистон ин аст, ки мақомот ҳарчӣ зудтар бояд корхонаҳоро фаъол кунанд.

Ин гурӯҳи назардиҳандагон рушди иқтисоди Тоҷикистонро "хаёли хом" ва ё танҳо орзу намепиндоранд, агар мардум дар кишвари худ ҷойи кори муносиб пайдо карда ва бозорҳои кишвар бо маҳсулоти худӣ таъмин бошад.

“Одамон кор накунанд, чӣ хел иқтисод пеш меравад? Ҳоло ягон заводу фабрика кор намекунад. Фақат чиниҳо дар заводҳо оҳан об мекунанду халос”,-гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо.

Иддае аз назардиҳандагон пешрафти иқтисоди Тоҷикистонро кори якрӯзаву дурӯза намедонанд ва мегӯянд, барои рушди чашмгир бояд нақшаҳои рӯи коғазро амалӣ кард, ки вақту ирода мехоҳад.

Як назардиҳанда пешниҳод мекунад, ки барои рушди тиҷорат дар Тоҷикистон бояд марзҳо ба рӯи ҳамсояҳо боз карда шаванд. Манзури ин ҳамсӯҳбати мо аз миён бардоштани низоми раводид ё виза бо Афғонистон ва бархе дигар аз кишварҳои ҳамсоя будааст.

Сокинони дигар пешниҳодҳои худро ба ин шакл баён доштанд:



  • Мутахассосиони ботаҷрубаро ба кор ҷалб кунанд;
  • Тоҷикистон кишвари зебост ва метавонад ҷаҳонгардиро рушд диҳад;
  • Бояд мутахассисон барои омӯхтани таҷрубаи кишварҳои дигар сафар кунанд;
  • Муҳим пулу имкониятҳо нест. Муҳим ин ки идея бошад...

  • Хонандаи азиз, аввал ин навори видеоро бубинед ва сипас андешаву пешниҳодҳои худро барои рушди иқтисоди Тоҷикистон бинависед. Шояд пешниҳоди Шумо ба кор ояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG