Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони номи сафири нави Амрико дар Тоҷикистон


Сусан Марш Эллиот, сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе
Сусан Марш Эллиот, сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе

Сусан Марш Эллиот ба мақоми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Ӯ дар ин мақом Кен Гроссро иваз мекунад.

Рӯзи 11-уми апрел раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, афроди навро ба мақомҳои мухталифи давлати худ пешбарӣ намуд, ки дар миёни онҳо Сусан Марш Эллиот, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон низ ҳаст.

Хонум Эллиот яке аз кормандони аршад ва комёби Хадамоти хориҷаи вазорати умури хориҷии Амрикост ва дар бахши Осиёи Ҷанубиву Марказӣ мақоми муовини ёвари вазирро ишғол мекунад.

Хонум Эллиот солҳои 2009-2010 дар сафорати Амрико дар Маскав дар мақоми вазир-мушовир дар умури сиёсӣ кор кардааст. Аз ин пеш, дар тӯли солҳои 2007-2009 дар сафорати Амрико дар Белфаст сармутахассис буд.

Сусан Марш Эллиот солҳои 1994-95 дар Дафтари координатор ё ҳамоҳангсоз барои муноқишаҳои минтақаӣ дар кишварҳои тозатаъсиси Шӯравии пешин ё Муштаракулманофеъ кор карда, дар бораи муноқишаҳо дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ, Гурҷистон ва Тоҷикистон гузориш медод.

Вай дар оғоз дар сафорати Амрико дар Тегусигалпа ҳамшираи шафқат буд. Сипас, соли 1990 барои кор ба вазорати хориҷа даъват шуд. Вай Донишгоҳи Индианаи Амрикоро хатм кардааст. Хонум Эллиот ба забонҳои русиву юнонӣ ва испанӣ сӯҳбат мекунад ва дар давоми 20 соли фаъолияти дипломатиаш дар ин бахш таҷрубаи ғанӣ андӯхтааст.

Маттиас Митман, шавҳари хонум Эллиот низ корманди Хадамоти хориҷии вазорати умури хориҷии Амрико мебошад ва онҳо ду писари бузургсол доранд. Эллиот соҳиби унвони илмии докторист.

Ӯ дар мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гроссро иваз мекунад, ки соли 2009 ба Душанбе омада буд. Дар даврони сафирии ҷаноби Гросс низ кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф идома ёфтанд. Худи ӯ рӯзи панҷшанбе, 12-уми апрел, дар Душанбе муносиботи Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаро олӣ арзёбӣ намуд ва гуфт, "дар минбаъда низ ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳо ҳастем."
XS
SM
MD
LG