Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони хориҷаи Ҷӣ-8 дар Вошингтон


Дар Вошингтон мулоқоти дурӯзаи вазирони корҳои хориҷаи 8 кишвари бузурги иқтисодӣ ё Ҷӣ-8 идома дорад. Дар оғози ин мулоқот Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, яке аз масъалаҳои аслии мавриди баррасӣ дар ин мулоқот вазъи Сурия хоҳад буд. Имрӯз дар Сурия бояд оташбас эътибор пайдо кунад. Хонум Клинтон бори дигар гуфт, ки вай ҳамоно ба ҳали сулҳомези бӯҳрони Сурия умед дорад ва он ба нафъи мардуми Сурия аст. Ба гуфтаи хонум Клинтон, вазирони корҳои хориҷаи Амрикову Британия, Фаронсаву Олмон, Италияву Канада ва Ҷопону Русия барномаҳои ҳастаии Эрон, имкони партоби мушаки Кореяи Шимолӣ ва муноқишаи Исроилу Фаластинро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG