Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон ба Тоҷикистон 6 локомотив медиҳад


Темирбанк ва КазЭкспортГаранти Қазоқистон заминаи молии дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани локомотивҳои сохти Қазоқистонро фароҳам сохтаанд. Бори нахуст Қазоқистон локомотивҳои худро ба як кишвари хориҷӣ содир мекунад. 21 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” бо Ҷамъияти Саҳҳомии «Локомотив құрастыру зауыты» дар бораи додани 6 локомотив ба Тоҷикистон қарордод имзо карданд. Ин локомотивҳо бо муҷаввизи ширкати амрикоии «General Electric» дар Остона сохта шудаанд.
XS
SM
MD
LG