Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Кореяи Шимолӣ мушаки худро партоб мекунад


Имкон дорад, ки субҳи имрӯз Кореяи Шимолӣ мушаки худро ба фазо партоб кунад. Пхенян вақти дақиқи партоби ин мушакро эълон накардааст. Рӯзи чаҳоршанбе мақомоти расмии ин кишвар гуфтанд, ки мушак барои парвоз тағзия шудааст. Амрико ва кишварҳои дигар шак доранд, ки партоби ин мушак навъе озмоиши мушакҳои дурбурди Кореяи Шимоилист, ки тибқи муққаррароти СММ мамнӯъ эълон шудааст. Пхенян мегӯяд, ки ин мушак моҳвораи ҳавошиносиро ба мадори наздик ба Замин интиқол медиҳад. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки мушаки худро партоб накунад, зеро он “хатари мустақим ба амнияти минтақа” мебошад.
XS
SM
MD
LG