Пайвандҳои дастрасӣ

Барои Сурия зарбулаҷали дуввум низ фаро расид


Кофӣ Аннон

Кофӣ Аннон

Димишқ боз ба як зарбулаҷали дигар рӯ ба рӯст. Нируҳои режими Башор Асад бояд то соати 6 вақти маҳаллӣ техникаи низомии худро аз шаҳрҳову шаҳракҳо берун баранд. Сурия қавл додааст, ки муқаррароти оташбасро риоят мекунад, вале ба “ҳар гуна ҳамла”-и гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷавоб хоҳад дод. Аслан Димишқ бояд нируҳои худро рӯзи сешанбе аз маҳаллоти аҳолинишин берун мебурд ва он бахше аз нақшаҳои сулҳҷӯёнаи Кофӣ Аннон-фиристодаи байналмиллалӣ барои Сурия мебошад. Вале даргириҳо давом кард.

Режими Димишқ то ҳол нагуфтааст, ки нируҳои худро хориҷ хоҳад кард, вале сухангӯи Кофӣ Аннон изҳор дошт, ки Сурия бояд ин корро анҷом диҳад. Оқои Аннон дар мулоқот бо Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон дархост кард, ки ин кишвар барои рафъи хушунатҳо дар Сурия кӯмак кунад, вагарна “оқибатҳои он ғайри қобили тасаввур” хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG