Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон бориш камтар мешавад


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе то нисфирӯзӣ бориши борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво аз 18 то 22 дараҷа гарм мешавад.

Вале дар Хуҷанд нисфирӯзӣ борон оғоз мешавад. Ҳаво рӯзона 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб бориш дар назар нест. Ҳаво рӯзона дар водии Вахш 27, дар минтақаи Кӯлоб 24 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар вилояти Бадахшон низ бориш пешбинӣ нашудааст. Рӯзона ҳаво то 9 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG