Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади нав ба мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон


Сусан Марш Эллиот
Сусан Марш Эллиот
Рӯзи чаҳоршанбе Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико афроди навро дар мақомҳои мухталифи давлати худ таин кард. Дар миёни онҳо Сусан Марш Эллиот-сафири нави Амрико дар Тоҷикистон низ ҳаст. Хонум Эллиот яке аз кормандони аршад ва комёб дар Хадамоти хориҷии вазорати корҳои хориҷаи Амрикост ва ҳоло рутбаи мушовирро дорад.

Дар айни замон Сусан Эллиот дар бахши Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мақоми муовини ёвари вазирро ишғол мекунад. Вай солҳои 2009-2010 дар сафорати Амрико дар Маскав дар мақоми вазир-мушовир дар умури сисёсӣ кор мекард. Дар солҳои 2007-2009 дар сафорати Амрико дар Белфаст сармуттахассис буд. Сусан Эллиот пештар аз он низ машғули фаъолиятҳои гуногуни дипломатӣ буд. Масалан, солҳои 2005-2007 вай муовини котиби иҷроӣ буд, солҳои 2003-2005 раҳбари дафтари иҷроии котибот ва солҳои 2001-2003 раҳбари бахши раводид дар сафоратхонаи Амрико дар Афинаи Юнон буд.

Вай солҳои 1994-95 дар Дафтари координатор ё ҳамоҳангсоз барои муноқишаҳои минтақаӣ дар кишварҳои тозатаъсиси Шӯравии пешин ё муштараулманофеъ кор кард ва дар бораи муноқишаҳо дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ, Гурҷистон ва Тоҷикистон гузориш медод.

Хонум Эллиот дар оғоз дар сафорати Амрико дар Тегусигалпа ҳамшираи шафқат буд. Сипас вайро соли 1990 барои кор ба вазорати хориҷа даъват карданд. Вай хатмкунандаи донишгоҳи Индианаи Амрико мебошад.
Хонум Эллиот ба забонҳо русиву юнонӣ ва испанӣ сӯҳбат мекунад ва дар давоми 20 соли фаъолияти дипломатиаш дар ин бахш таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст.

Маттиас Митман-шавҳари хонум Эллиот корманди Хадамоти хориҷии вазорати корҳои хориҷаи Амрико мебошад ва онҳо ду писари бузургсол доранд. Эллиот унвони илмии докторӣ дорад.
XS
SM
MD
LG