Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи парвандаи қатли Равшан Шарипов поён ёфт


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе ду нафарро дар қатли нозири пулиси роҳ Равшан Шарипов муҷрим шинохт. Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов ба Радиои Озодӣ гуфт, Озодбек Одинаев ба 10 сол ва Саидмухтор Мирҷонов ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд, вале бар асоси қонуни афв сеяки ҳукми онҳо коҳиш дода шуд. Мирҷонови 30-сола ва Одинаеви 26-сола дар апрели як соли пеш дар Душанбе баъди як таниш бо нозирони роҳ Равшан Шариповро латукӯб карданд, ки баъди чанд рӯз ба марги ӯ дар бемористон мунҷар шуд.
XS
SM
MD
LG