Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи севуми набардҳои хунин дар ҷануби Яман


Дар рӯзи сеюми набардҳо байни нирӯҳои Яман ва ҷангиён дар ҷануби ин кишвар ҳудуди 30 тан кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, дастикам 25 тани онҳо ҷангиёни Ал-Қоидаанд. Аз рӯзи душанбе ба ин сӯ дар набардҳо дар атрофи шаҳри Лавдари вилояти Абён беш аз 150 нафар ҷон бохтанд. Ин даргириҳо дар пайи ҳамлаи ҷангиён ба як урдугоҳи низомӣ оғоз ёфт. Дар ҷараёни беназмиҳое, ки мунҷар ба истеъфои раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар моҳи феврал шуд, ҷангиёни Ал-Қоида қисмате аз ҷануби кишварро таҳти назорати худ оварданд. Амрико ва муттаҳидинаш дар минтақа тарс доранд, ки Яман ба як ҷабҳаи асосии ҷанг алайҳи ин шабакаи террористӣ табдил хоҳад ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG