Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Текешӣ: "Бештар ба тарҳҳои минтақаӣ таваҷҷӯҳ дорем"


Ҷоҷӣ Текешӣ, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон.

Ҷоҷӣ Текешӣ, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон.

Гуфтугӯи ихтисосии Абдуқаюми Қаюмзод бо Ҷоҷӣ Текешӣ, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон.

Ҷоҷӣ Текешӣ, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон дар хатми маъмурияти сесолааш дар ин кишвар, дар як нишасте дар робита ба авзои иқтисодии минтақа, масоил ва мушкилоти он ва бахусус дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда ва ҳамчунин саҳми ин созмони байналмилалӣ дар суботи иқтисодии Тоҷикистон изҳори ақида кардааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Такешӣ, болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2013 ҳудуди 6 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон амалан дар муҳосираи иқтисодии Узбакистон қарор дорад ва Русия низ боҷи содироти маводи сӯхтро дар муқоиса бо як соли пеш 60 дарсад афзоиш додааст. Оқои Такешӣ ба ин пурсиш, ки ҳисобҳои онҳо дар мавриди болоравии шашдарсадии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар пасманзари ин фишорҳо то чӣ ҳад дақиқ аст, гуфт:

Ҷоҷӣ Текешӣ: Мо ба ҳангоми таҳияи дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон, ҳамаи ҳолатҳоро ба эътибор мегирем. Ҷиҳати хубии кор дар он аст, ки ҳоло ҳукумати Тоҷикистон бо ҳукумати Узбакистон музокирот пеш мебарад, то ки аз ин вазъият берун ояд. Дурнамои таҳиякардаи мо доир ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон бар асоси маълумоти ҳукумати ин кишвар дуруст шудааст. Аз ин ҷиҳат мо ният дорем, ки дар миёнаи сол дурнамои таҳия ва эълонкардаи худро дубора бисанҷем. Дар сурати зарурат онро нав ва иваз хоҳем кард. Бубинед, фарз кардем, ки саломати шахс хуб нест, табларза гирифта ва ҳарароташ ҳам аз 40 болост, аммо баъди чанд муддат ҳарорат то 30 дараҷа поин меравад, ҳоло маҳз ин ҳолатро муайян кардан зарур аст. Яъне гоҳо мешавад, ки беморӣ на ба он ҳаддест, ки дар бораи он ин қадар зиёд фикр карда бишавад. Ба ин маъно, ки фикри беморӣ аз худи беморӣ набояд бештар бошад. Барои ҳамин муҳим аст, ки мо ҳама вақт ҳолати аслии иқтисодро дониста бошем.

Озодӣ: Аз он ки манбаи дурнамои иқтисодии таҳия кардаи шумо барои соли 2013 -и Тоҷикистон дар асоси танҳо маълумоти ҳукумати Тоҷикистон таҳия шудааст, бар дурустии ин маълумотҳо шубҳа надоред?

Ҷоҷӣ Текешӣ: Барои мо ин нукта муҳим аст, ки ин маълумот бо маълумоти барои мисол солҳои пешина муқоисашаванда бошад. Дар дигар давлатҳо мо аз манобеи дигар низ маълумотро дастрас ва бо маълумоти ҳукуматҳо муқоиса менамоем. Аммо вақте дар мавриди ин ё он рақам ва ҳисоб нобоварӣ пайдо мешавад, мо масъаларо бо ҳукумат дар миён мегузорем.

Озодӣ: Як нуктае, ки ҳамчун омили монеа дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар сандаи таҳиякардаи шумо зикр мешавад, нобаробарии дастрасии мардум ба манобеи иқтисодӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, оё метавонед бигӯед, ки фарқи миёни ақшори доро ва нодори ҷомеаи Тоҷикистон дар чӣ сатҳ аст ва аслан чаро бештар онҳое сарватманданд, ки дар ҳукумат кор мекунад?

Ҷоҷӣ Текешӣ: Саволи каме душвор, вале шавқовар аст. Агар ҳамаи омилҳоро, аз ҷумла бӯҳрони иқтисодӣ ва бӯҳрони молиявии ҷаҳониро ба инобат бигирем, бояд гуфт, ки ба аҳолӣ таъсири худро гузоштаанд. Аммо новобаста аз ин, иқтисодиёт пеш рафта истодааст. Ва рушди иқтисод ба некӯаҳволии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад. Аз тарафи дигар тафовут миёни табақаи доро ва камбизоати ҷомеа ба мушоҳида мерасад ва мо инро медонем. Албатта ин вазъият метавонад тағйир ва беҳбуд ёбад. Барои ҳамин ҳам аз тарафи ҳукумат ҳоло тарҳи нави Кодекси андоз таҳия шуда истодааст, ки дар он манофеи қишри камбизоат бештар ба назар гирифта мешавад ва низоми ҳимояи иҷтимои аҳолӣ низ хубтар ба роҳ монда хоҳад шуд.

Озодӣ: Ҳоло ҳукумат нархи нерӯи барқро ба аҳолӣ боло бурд ва дар тавҷеҳи ин амал гуфта шуд, ки ин кор бо мудохилаи муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд сурат мегирад. Чаро ин муассисаҳо барои афзоиши нарх таъсир мегузоранд, аммо ҳолати иҷтимоии мардумро сарфӣ назар мекунанд?

Ҷоҷӣ Текешӣ: Истеҳсол ва фурӯши нерӯи барқ хароҷоти худро дорад. Барои ин низомро дар ҳолати корӣ ва сатҳи муайян ҳифз намудан, маблағ зарур аст. Агар ҳукумат нархҳоро ба таври сунъӣ пойин нигоҳ дорад, оқибат ҳамин тавр мешавад, ки ин соҳа аз кор боз хоҳад монд ва аз тарафи дигар имтиёз ва кӯмакҳое, ки ҳукумат барои масрафи барқ ба аҳолии камбизоат пешбинӣ кардааст, дода ва расонида намешавад. Ҳоло муҳим ин аст, ки низоми мавҷуда ҳифз шавад ва нархҳоеро, ки дар ҳақиқат он қадар баланд нест, муқаррар кард. Ва ҳукумат ҳам тибқи нақша ин корро тадриҷан анҷом медиҳад.

Озодӣ: Ҷаноби Такешӣ, шумо дар мулоқот бо президент Раҳмон талоши Бонки Осиёии Рушд барои бунёди роҳу шабакаҳои интиқоли барқ, ки Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон васл мекунадро, матраҳ кардед. Бонки Осиёии Рушд кадоме аз ин барномаҳоро дастгирӣ хоҳад кард?

Ҷоҷӣ Текешӣ: Ширкати Бонки Осиёии Рушд дар ин барномаҳо интихобӣ хоҳад буд. Аз нигоҳи мо, аз ин тарҳҳо дутои он ҷолиб аст. Масалан эҳдоси роҳи оҳан аз Туркманистон ба Афғонистон тавассути Тоҷикистон ва низ бунёди лӯлаи интиқоли газ. Аз тарафи дигар мо он барномаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки аз лиҳозии фаннӣ ва молиявӣ иҷрои онҳо мушкил пеш намеоранд. Мо бештар ба тарҳҳои минтақаӣ таваҷҷӯҳ хоҳем кард, ки татбиқи онҳо битавонад дар рушду ҳамгироии минтақаӣ кӯмак намояд.
XS
SM
MD
LG