Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёзҳои нави Тошканд ба сармоядорони хориҷӣ


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов имрӯз ба қароре имзо гузошт, ки ба сармоягузорони хориҷӣ имтиёз дода, дасти дахолати давлат дар фаъолияти ширкатҳои хориҷиро кӯтоҳтар мекунад. Тибқи ин фармон, ширкати хориҷие, ки ба Узбакистон беш аз 5 миллион доллар сармоя мегузорад, барои 10 сол аз ҳар навъ тағйири қонуни андоз маоф хоҳад шуд. Ба мақомоти адлия низ амр шудааст, ки кори ширкатҳои хориҷиро маҳдуд накунанд. Тибқи ин санад, буҳрони ҷаҳонии молӣ Узбакистонро маҷбур мекунад роҳҳои ҷадиди навсозии иқтисодашро биҷӯяд. Як силсила ҷанҷолҳои бархоста бар сари мавориди ғасби корхонаҳои муштарак ба эътибори Узбакистон дар байни сармоягузорони хориҷӣ латма задааст.
XS
SM
MD
LG