Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи оҳан: "Боздоштшудагон дар Русия кормандони мо нестанд"


Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, 5 нафаре, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ ва роҳбалад муаррифӣ шуданд, ба ин корхона рабте надоранд.
Владимир Собкалов, муовини сарвари Роҳи оҳани Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотии Русия ҳатто дар ин маврид роҳи оҳанро ҳам огоҳ накардаанд ва ин афрод дар феҳристи кормандон нестанд. Қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки додгоҳи вилояти Челябинск шаҳрвандони Тоҷикистон Сафаралӣ Аюбов, Алишера Болтаев, Алишер Қосимов, Давлатхӯҷаи Сафарбек ва Маҳмадзариф Шарифов – роҳбаладони қатори Роҳи оҳани Тоҷикистонро аз 16 то 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳоро додгоҳ барои интиқоли 60 кило ҳероин гунаҳкор донист. Владимир Собкалов мегӯяд, ягон қатораи Тоҷикистон тавассути вилояти Челябинск намегузарад ва мақомоти тафтишотии Русия иштибоҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG