Пайвандҳои дастрасӣ

Такмили маводи сӯхти мушаки Кореяи шимолӣ


Кореяи шимолӣ гуфт, ба такмили маводи сӯхти мушаке, ки бояд моҳвораашро ба мадор барорад, шурӯъ кардааст. Аммо дар Ғарб гумон мебаранд, ки Пхенян дар зери ҷомаи партоби моҳвора мушаки дурпарвозашро озмоиш мекунад. Таърихи партоби ин моҳвора ҳанӯз эълон нашудааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон Пхенянро алайҳи ин иқдом ҳушдор дод ва гуфт, ин “метавонад таҳдиди мустақим ба амнияти минтақа бошад.” Клинтон гуфт, агар Кореяи шимолӣ ба партоби мушакаш иқдом кунад, Амрико қазияро ба СММ хоҳад кашонд.
Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, дар Шӯрои Амният амали Пхеняро “ иғвоангез” медонанд, ки боиси дар инзивоъи бештари байналмилалӣ қарор гирифтанаш хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG