Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркманистон тимҳои хоккей месозанд


Бозии хоккей дар Ишқобод

Бозии хоккей дар Ишқобод

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба ниҳодҳои давлатӣ амр додааст, ки тимҳои хоккей ташкил кунанд. Нашрияи расмии “Нейтралний Туркменистан” аз қавли Бердимуҳаммадов навишт, ки ба зарурати ташвиқи молии бозигароне ки дар Бозиҳои олимпӣ ва сабқатҳои байналмилалӣ комёб мешаванд, таъкид кардааст.
Дар Ишқобод – пойтахти Туркманистон бо ин вуҷуд ки ҳарораташ дар фасли гармо то 45 дараҷа гарм мешавад, алакай ду қасри яхӣ барои варзишҳои зимистона сохтаанд. Чанде пеш нахустин сабқати тимҳои ҷавони хоккей барои ҷоизаи президент доир шуд. Ба ғолиби сабқат 20 000 доллар ҷоиза доданд.
XS
SM
MD
LG