Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Аннон аз Эрон дар масъалаи Сурия


Фиристодаи байналмилалӣ Куфӣ Аннон имрӯз аз Эрон – як муттаҳиди калидии Сурия – хост, аз тарҳи ӯ барои хатми хушунат дар ин кишвари арабӣ ҳимоят кунад. Аннон дар пайи мулоқот бо вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ дар Теҳрон гуфт, «ҳар навъ таъмиқи низоъ метавонад харобиовар бошад.» Аннон ба Димишқ фишор меорад, то нирӯҳояшро аз шаҳрҳо берун кашида, ба хотири ҳифзи тарҳи сулҳи ӯ дар зарфи 48 соат ба хушунатҳо поён диҳад. Аннон гуфт, даъватҳо ба истеъфои Башор Асад метавонад мунҷар ба «халоъи қудрат» дар Сурия шавад. Ӯ афзуд: «Раванди сиёсие, ки дар Сурия оғоз ёфт, бояд аз сӯи суриягиҳо раҳбарӣ шавад ва ба хости мардуми Сурия арҷ гузорад. Аммо муҳим аст, ки давлатҳои минтақа ва берун аз он дар ҳалли буҳрони кунунӣ бо суриягиҳо ҳамкорӣ кунанд.»
Қарор аст, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар Вошингтон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров низ мавзӯъи Сурияро баҳс кунад.
XS
SM
MD
LG