Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти яке аз муҳоҷирони фирорӣ дар Петербург


Як шаҳрванди Узбакистон, ки аз боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирони ғайриқонунии шаҳри Санкт-Петербурги Русия фирор карда буд, ихтиёран ба боздоштгоҳ баргаштааст. Рӯзи 8 апрел аз ин боздоштгоҳ 11 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбакистон, ки бояд ба кишварҳои зодгоҳи худ ихроҷ мешуданд, фирор карданд. Онҳо ҳангоми фирор аз қабати панҷуми ин бино ду посбони боздоштгоҳро бо калтаки оҳанин захмӣ кардаанд. Таъқиби муҳоҷирони фирорӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG