Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз талошҳои дипломатӣ барои Сурия идома меёбад


Кофӣ Аннон

Кофӣ Аннон

Рӯзи чаҳоршанбе талошҳои дипломатӣ барои Сурия идома меёбад, зеро режими Димишқ зарбулаҷалро дар бораи хуруҷи нируҳои артиш ва техникаи низомии худ аз шаҳрҳо ва соири маҳаллоти аҳолинишин иҷро накард. Қарор аст Кофӣ Аннон-фиристодаи байналмиллалӣ барои Сурия ба Теҳрон равад ва дар он ҷо бо мақомоти аршади Эрон роҷеъ ба Сурия гуфтугӯ кунад. Эрон яке аз ҳампаймонони содиқи Сурия боқӣ мондааст.

Рӯзи сешанбе Кофӣ Аннон аз Шӯрои Амнияти СММ хост, ки барои хуруҷи нируҳои Сурия то 12 апрел вақти иловагӣ дода шавад. Тибқи нақшаи Аннон, оташбас бояд 12 апрел эътибор пайдо кунад. Интизор меравад, ки дар Вошингтон Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия роҷеъ ба масъалаҳои Сурия гуфтушунуд анҷом диҳанд. Хонум Клинтон мегӯяд, дар Нию Йорк ва пойтахтҳои кишварҳои муҳим роҷеъ ба Сурия “музокироти ҳамаюҷониба” идома дорад. Сусан Райс-намояндаи Амрико дар СММ ба аъзои Шӯрои Амнияти СММ аз ӯҳдадориҳои Димишқ роҷеъ ба оташбас изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG