Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Уляновск урдугоҳи коммунистҳоро пароканда карданд


Дар Уляновски Русия пулис урдугоҳи хаймаии кумунистҳоро пароканда кард. Кумунистҳо бар зидди имкони ташкили фурудгоҳи байналмиллалӣ барои интиқоли молу колоҳои нируҳои НАТО аз Афғонистон тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. 18 нафар аз фаъолони кумунист рӯзи якшанбе изҳор доштанд, ки бар зидди истиқрори “пойгоҳи НАТО” дар Уляновск ба гуруснанишинӣ оғоз мекунанд. Шаби сешанбе ҳудуди 100 нафар корманди пулис урдугоҳи хаймаиро муҳосира карданд ва фаъолонро аз хаймаҳо ронданд. Рӯзи сешанбе бори дигар вазорати корҳои хориҷаи Русия эълон кард, ки сухан дар бораи ташкили пойгоҳи НАТО дар ин шаҳр намеравад ва дар ин фурудгоҳ кормандони паймони НАТО мустақар нахоҳанд шуд, балки ин фурудгоҳ нақши тронзитро иҷро хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG