Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон ширкаткунандагони тазоҳурот аз таҳсил маҳрум мешаванд


Комрон Донишҷӯ

Комрон Донишҷӯ

Эрон касеро, ки дар тазоҳуроти эътирозии соли 2009 бар зидди интихоби дубораи Маҳмуд Аҳмадинажод ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ширкат кардааст, ба фаъолият ва таҳсилоти донишгоҳӣ роҳ нахоҳад дод. Хабаргузории расмии ИРНА аз қавли Комрон Донишҷӯ-вазири улум, таҳқиқот ва фановарӣ гуфтааст, агар Теҳрон чунин тасмим нагирад, дар он сурат ҳукумат наметавонад тавзеҳ диҳад, ки чӣ тавр ширкаткунандагони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ба таҳсил дар донишгоҳҳо роҳ ёфтаанд. Солҳои ахир дар донишгоҳҳои Эрон устодоне, ки аз режим интиқод мекунанд, ба фишори рӯзафзун рӯ ба рӯ шудаанд. Гуфта мешавад, ки даҳҳо устоди донишгоҳ аз кор рафтаанд ва фаъолон аз таҳсил маҳрум мондаанд.
XS
SM
MD
LG