Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи Салиби Сурх аз зиндони Туркманистон боздид кард


Туркманистон ба ҳайати Кумитаи Салиби Сурхи Байналмиллалӣ иҷоза додааст, ки аз зиндоне боздид кунад. Ойгул Холайле-намояндаи ин созмон дар Тошканд гуфт, ҳайати мазкур ҳафтаи гузашта аз зиндон боздид кард зиндоне, ки дар он ҷо ҷавонони маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд. Вай гуфт, аъзои ҳайат бо шароити ин зиндон ошно шудааст. Холайле гуфтааст, ҳайати созмони онҳо соли гузашта дар Туркманистон аз бемористони як зиндон низ боздид карда будааст. Ба гуфтаи вай, аъзои ҳайат натавонистанд бо зиндониён мулоқоти хусусӣ анҷом диҳанд. Дар гузашта Туркманистон барои нигаҳдории шумораи беш аз муқаррароти зиндониён дар утоқҳо, барои шиканҷаи зиндониён ва барои роҳ надодани нозирони мустақил ба зиндонҳо мавриди интиқод қарор мегирифт.
XS
SM
MD
LG