Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон мехоҳад моҳвораи мухобиротии худро дошта бошад


Амирзай Сангин-муовини вазири мухобироту иттилооти Афғонистон мегӯяд, ҳукумати ин кишвар пешниҳодҳои сармоягузоронро дар бораи иҷод ва ба фазо кайҳон фиристодани нахустин моҳвораи мухобиротӣ мепазирад. Ба гуфтаи оқои Сангин, арзиши чунин моҳвора тақрибан 250 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Сармоягузори баранда дар зарфи 6 моҳи оянда эълон хоҳад шуд.

Замоне ба Афғонистон муйясар шуда буд, ки дар мадори наздик ба Замин бар асоси тавофуқоти байналмиллалӣ моҳвораеро ҷой диҳад, вале ҳаргиз натавонистааст аз он истифода кунад. Оқои Сангин мегӯяд, ин моҳора аз он ҷиҳат барои сармоягузорон қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар сурати оғози фаъолият иртиботи мухобиротиро дар саросари кишвар фаро мегирад. Ба ҷуз аз иртиботи телефонӣ барои телевизионҳо ва радиоҳои хусусӣ низ каналҳои пахши барномаҳо фароҳам меояд.
XS
SM
MD
LG