Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав дар ҷанҷоли тоҷикон як нафараш корд хӯрд


Дар қисмати ҷануби ғарбии шаҳри Маскав миёни шаҳрвандони Тоҷикистон задухӯрд рух додааст. Дар ин бора раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав ба хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ додааст. Ин задухӯрд шабонгоҳи сешанбе дар назди истгоҳи метрои Метромост дар Комсомольский проспект рух додааст. Дар ин муноқиша ба қафаси синаи як нафар корд задаанд ва вай бо ин захм ба бемористон интиқол дода шудааст. Аз вай ном бурда намешавад. Парванда боз шудааст ва расидагӣ ба ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG