Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои имрӯзи Тоҷикистон ҳам боронист ва ҳам офтобӣ


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ва Хуҷанд ҳавои боронӣ боқӣ мемонад. Ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб бориши борон пешбинӣ нашудааст. Ҳаво дар водии Вахш рӯзона 27 дараҷа, дар минтақаи Кӯлоб 24 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар вилояти Бадахшон боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво рӯзона то 9 дараҷа гарм, вале шабона дар баъзе ҷойҳо 2 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG