Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аннон хостори қатъи беқайдушарти хушунат шуд


Фиристодаи байналмилалӣ Куфӣ Аннон имрӯз дар ҷанубушарқи Туркия гуфт, хунрезӣ дар Сурия бояд бидуни қайдушарт қатъ шавад. Тибқи тарҳи Аннон, нирӯҳои Сурия бояд имрӯз ба хуруҷ аз шаҳрҳо шурӯъ карда, то рӯзи панҷшанбе шароити оташбас фароҳам мешуд. Аммо ба гуфтаи фаъолон, хушунатҳо дар Сурия ҳанӯз идома дошта, имрӯз шаҳрҳои Ҳумсу Ҳамо таҳти тирборон қарор доштанд. Бино ба хабарҳо дар вилояти Ҳасака 6 сарбоз аз сӯи афроди ношинос кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG