Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пулис бо эътирозгарон дар Аштархон


Пулиси Русия имрӯз дар шаҳри Аштархон бо фаъолони мухолифин даргир шуд. Фаъолон ба ҳимоят аз Олег Шеин – номзади ҳизби Русияи боадолат дар интихоботи рӯзи 4 марти шаҳрдори Аштархон- раҳпаймоӣ карданд. Натоиҷи расмӣ ҳокист, ки Шеин интихоботро ба номзади ҳизби ҳокими Русияи воҳид бохт. Вале ӯ интихоботро пуртақаллуб хонд ва 25 рӯз боз ҳамроҳ бо ҷамъе аз тарафдоронаш ба нишони эътироз гуруснанишиинӣ дорад. Феълан шумори гуруснанишинҳо ба 22 нафар расида, имрӯз блогнависи маъруф Алексей Навалний низ ба эътирозгарон дар Аштархон пайваст. Додситонӣ мегӯяд, бархе қонуншиканиҳо дар интихобот собит шуд, вале чандон фарогир набуд, ки ба натиҷаи раъйгирӣ таъсир расонад.
XS
SM
MD
LG