Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озодагон" дар Русияву Эрон ҳам сабтином шуд


Саҳифаи аввали хабаргузории "Озодагон"
Саҳифаи аввали хабаргузории "Озодагон"

Хабаргузории "Озодагон" дар мақомоти расмии Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Эрон сабти ном шудааст.

Хабаргузории "Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар ниҳодҳои давлатии бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Ин хабаргузорӣ, ки соли гузашта дар Тоҷикистон номнавис ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамо (сайт)-и худро боз карда буд, акнун дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин Эрон иҷозаи расмӣ барои фаъолиятро дарёфт. Ин хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир хабарҳоро бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр мекунад."

Зафари Сӯфӣ, муассиси хабаргузории "Озодагон", рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ гуфт, "хабаргузории "Озодагон" дар хориҷ аз Тоҷикистон барои аввалин бор дар Қирғизистон сабти ном шуд ва ҳамин тавр баъд аз як соли фаъолият дар Тоҷикистон дар ҷойҳои дигар ҳам сабти ном гардид. Талош дорем, ки дар Узбакистон ҳам дафтари хабаргузорӣ сабти ном шавад. То чи ҳад муваффақ мешавем ё не, ҳоло номаълум аст, вале мунтазирем чун муроҷиат кардем."

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар кадоме аз ин кишварҳо дафтари Шумо ба фаъолият оғоз кардааст?

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ: "Дар Бишкек дафтари мо фаъол шудааст ва дар Маскав ҳам хабарнигори мо кор мекунад. Ҳоло дунболи он ҳастем, ки дар онҷо низ дафтари худро ифтитоҳ намоем ва дар Қазоқистон низ. Ба ҷуз аз ин дар Машҳад ҳам ду нафар намояндаи мо иҷозаи фаъолиятро дарёфт карда ва бо мо ҳамкорӣ мекунанд."

Радиои Озодӣ: Ба чӣ хотир хабаргузориро ба хабаргузории минтақаӣ табдил додед?

Зафари Сӯфӣ: "Бубинед ҳоло ҳамаи ҷаҳон ба як самти ба ҳам наздикшавӣ ҳаракат дорад. Вале, мутаассифона, дар минтақаи мо -- Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад, ки ҳамаи расонаҳо воқеан расонаҳои гурӯҳианд ва бештар дунболи манфиати ҳамин як гурӯҳ мераванд. Талоши мо бар ин аст, ки фаротар аз ин вазъият биравем. Яъне фаротар аз манфиати Тоҷикистон, фаротар аз манфиати Узбакистон ва дар маҷмӯъ битавонем манофеи ҳамаи кишварҳо муроот бишавад. Рисолати хабаррасонӣ бидуни пуштибонӣ аз манфиати ин ё он гурӯҳ анҷом бишавад. Манзурам, албатта, бештар ҳукуматҳост. Ҳоло ҳарчанд расонаҳои мо иддао мекунанд, ки мустақиланд, аммо бештар ҳукуматианд. Зеро аз ин ё он гурӯҳе аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад. Гузориш ва ахборашон ба истилоҳ "думча" дорад. Мо мехоҳем, беғараз бошем."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Дар шароите, ки вазъияти молиявии хеле аз расонаҳо рӯ ба вахомат ниҳодааст, тавони молиявии Шумо то ҳадде аст, ки намояндагиҳои Шумо дар ин кишварҳо ба таври собит фаъолият кунанд?

Зафари Сӯфӣ: "Ҷиҳати молии ҳар лоиҳа муҳим аст, албатта, ба хотири давом овардани он. Дар ҳар сурат, мо барои ду сол барномарезӣ дорем, ки ин масоил мушкил пеш наоварад. Баъд аз онки минтақаӣ шуд, мо бо бозори рекламаи минтақа ва барномаҳое, ки хусусияти тиҷоратӣ доранд низ ҳамкорӣ хоҳем кард."

Радиои Озодӣ: Манзурам ин буд, ки сарпарастҳои Шумо вобаста аз ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои алоҳида нестанд?

Зафари Сӯфӣ: "Хушбахтона, "Озодагон" аз замоне ки ба фаъолият шурӯъ кард, ба ҳеҷ як ҳукумат ҳеҷ як гурӯҳ ва шахси дигар ба ҷуз аз муассисаш муталлиқ намебошад. Агар касе шубҳае дорад, бояд бигӯям, мо метавонем ҳар мавқеъ агар бихоҳем ба фаъолият идома бидиҳем ва дар ҳар мавқеъ қатъи фаъолият намоем. Шукри Худо тавоноие, ки ман дорам, тиҷорате, ки дорам имкон медиҳад дар ин муддати ба нақша гирифта бирасад. Аз назари маънавӣ командае, ки "Озодагон" ҷамъ кардааст, афродеанд, ки мехоҳанд бештар ба ватанашон хидмат кунанд. Афродаенд, ки идеяҳои фаромаҳалливу фарогурӯҳиву ҳатто фароқавмӣ доранд. Мардумеанд, ки мехоҳанд, дар ин минтақа озодӣ бошад, мардум дар рифоҳ ва зиндагии инсонвор дошта бошад."
XS
SM
MD
LG