Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Салиби сурх аз зиндонҳои Туркманистон


Як ҳайъати Салиби сурхи байналмилалӣ ҳафтае пеш аз як зиндони Туркманистон дидан кардааст. Ойгул Халилӣ, намояндаи Салиби сурх дар Тошканд гуфт, ин ҳайъат бо вазъи маҳбусон дар як боздоштгоҳи наврасон ошно шуда, вале имкони мулоқоти рӯбарӯ бо маҳбусонро надошт. Давлати Туркманистон ба маҳзи радд кардани дастрасии созмонҳои хориҷӣ ба аёдати маҳбусон дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои моломол аз маҳбусу пур аз маризиаш таҳти танқиди ҳомиёни ҳуқуқ қарор дошт.
XS
SM
MD
LG