Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷунбиши “Ватандор” ва аз мунтақидони аслии Эмомалӣ Раҳмон Маскавро ба қасди Олмон тарк гуфтааст. Додоҷони Атовуллоҳ, ки дар моҳи декабри соли гузашта дар пойтахти Русия мавриди ҳамлаи як фарди ношинос қарор гирифт ва ду захми корд хӯрд, дар сӯиқасд ба ҷони худ мақомоти Душанберо муттаҳам намуда буд. То кунун касе дар ин робита боздошт нашудааст.

Ӯ аз чанд сол ба ин ҷониб таҳти пайгарди нерӯҳои интизомии Тоҷикистон қарор дорад ва алайҳи вай бо чанд банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла таҳқиру тавҳини раисиҷумҳур ва даъват ба сарнагунии низом парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тоҷикистон борҳо аз Русия дархости истирдоди Додоҷони Атовуллоҳро карда буд, аммо Русия ба ин дархости додситонии Тоҷикистон посухи рад додааст.

Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири нашрияи "Чароғи рӯз" танҳо шахсияти мухолифини собиқи давлат буд, ки бо вуҷуди имзои созишномаи сулҳ, ҳамчунон мухолифи сарсахти давлати Эмомалӣ Раҳмон боқӣ монд.
Ӯ аз соли 1992 ба ин сӯ дар Маскав ба сар мебарад ва як навбат бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2001-ум аз сӯи пулиси Русия боздошт, аммо таҳти фишори кишвраҳои ғарбӣ озод шуд. Кишвари Олмон ба Додоҷони Атовуллоҳ мақомоти паноҳандаи сиёсӣ додааст.

Хуруҷи Додоҷони Атовулло аз Русия дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфара, дар Русия нопадид шуда ва чанд рӯзи пеш дар телевизионҳои Тоҷикистон пайдо шуд. Ӯ гуфт, бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон омада, худашро ба мақомот таслим намудааст. Аммо вакили дифои ӯ Анна Ставитская гуфт, нафари таҳти ҳимояи ӯро рабуда ва аз Маскав ба Душанбе бурдаанд.
XS
SM
MD
LG