Пайвандҳои дастрасӣ

Агар ҳуқуқатонро поймол кунанд, ба кӣ мегӯед?


Яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе.

Додгоҳ, пулис, марказҳои ҳуқуқи башар... Ба назари ҳамсӯҳбатони мо, инҳо метавонанд аз ҳаққи мардум дифоъ кунанд.

Бештари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, дар сурати поймол ё нақз шудани ҳуқуқашон ҳатман ба мақомоти пулис ё додгоҳ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат хоҳанд кард. Ин гурӯҳи одамон бовар доранд, ки ин ду ниҳоди расмӣ ба муроҷиати онҳо расидагӣ ва аз ҳаққашон дифоъ мекунанд.

Вале яке аз назардиҳандагон гуфт, “муҳофизат мекунанд, агар дар ин мақомот ягон нафари наздик ё ошно дошта бошӣ. Ҳамон вақт Шумо метавонед бурд кунед.” Сафи онҳое низ кам нест, ки назар ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон муроҷиат ба марказҳои ҳуқуқи башарро афзалтар мешуморанд. Ба қавли онҳо, марказҳои ҳуқуқи башар ҳам машварат медиҳанд ва ҳам барои дифоъ аз ҳуқуқи сокинон талош мекунанд.

Баъзеи дигар мегӯянд, ки бино бар дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе масъулони вазорату идораҳо бояд сокинонро қабул ва арзу доди онҳоро бишнаванд. Аз ин рӯ, онҳо беҳтар медонанд, мушкил ва ё поймол шудани ҳуқуқи худро бо нафарони аввали вазорату идораҳо дар миён гузошта, масъалаи худро ҳаллу фасл намоянд.

Дар миёни ҳамсӯҳбатони мо чанде аз шаҳрвандони Афғонистон ҳам буданд, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Онҳо гуфтанд, ҳар мушкиле пеш ояд, онҳо ба дафтари Созмони Милал дар Душанбе муроҷиат хоҳанд бурд. Чун ба гуфтаи худи онҳо, "ҷуз Созмони Милал ҷое барои кӯмак хостан ҳам надорем."

Теъдоди ками ҳамсӯҳбатони мо дар ин маврид аз Омбудсмени тоҷик ё ваколатдори ҳуқуқи инсон ном бурданд. Як сокини рустабори Душанбе, ки шояд аз муроҷиати зиёде ба идораҳову созмонҳо хаста шуда бошад, бо ҷиддият гуфт, ба ҳеҷ куҷо шикоят нахоҳад бурд.

Дар чанд соли ахир дар пайи баҳсҳои зиёди додгоҳӣ дар нашрияҳои Тоҷикистон низ номаҳои шикоятии бисёре аз сокинон ба нашр мерасанд. Вале онҳо мегӯянд, кам иттифоқ уфтодааст, ки дар пайи муроҷиаташон мушкил ҳалли худро пайдо карда бошад.

Аввал нигоҳе ба ин навори видео андозед ва сипас бинависед, ки дар сурати нақз шудани ҳуқуқатон Шумо ба куҷо муроҷиат хоҳед кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG