Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду тифли тоҷик дар сӯхтори Петербург


Бар асари сӯхтор дар як манзили коммуналӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 4 нафар, бо шумули 2 кӯдаки тоҷик ва ду шаҳрванди Узбакистон ҳалок шуданд. Сӯхтор соати чори субҳи имрӯз дар ҳуҷрае сар задааст, ки як шаҳрванди 48-солаи узбак ҳамроҳ бо ҷиянаш иҷора менишаст. Аз ҳуҷраи ҳамсоя аҷсоди ду кӯдакро берун кашида, модари 33-солаи онҳоро, ки аз Тоҷикистон будааст, дар ҳолати вахим ба бемористон бурдаанд.
XS
SM
MD
LG