Пайвандҳои дастрасӣ

70 мавриди худкушӣ дар вилояти Суғд


Танҳо дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 67 мавриди худкушӣ сабт шудааст, ки 37 мард, 21 зан ва 9 ноболиғ бо роҳу шеваҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд гуфтаанд. Ҳамин тавр, дар авоили моҳи апрел дар шимоли Тоҷикистон боз 3 тани дигар ба ҷони худ қасд кардаанд. Дар шаҳри Исфара як хонандаи синфи 11, дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як духтари 15-сола ва дар Табошар як марди 34-сола худро ба дор кашидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG