Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Кореяи шимолӣ ба партоби моҳвора


Пойгоҳи кайҳонии Кореяи шимолӣ

Пойгоҳи кайҳонии Кореяи шимолӣ

Мақомоти Кореяи шимолӣ мегӯянд, тамоми омодагиҳоро барои партоби моҳворааш дидааст. Мақомоти кайҳоншиносии Пхенян дар як нишасти хабарии камназир бо ширкати хабарнигорони хориҷӣ гуфтанд, ки партоби моҳвора тибқи нақша сурат гирифта, бахше аз маъракаи гиромидошти 100-солагии асосгузори ин низоми коммунистӣ Ким Ир Сен хоҳад буд. Пхенян қаблан гуфта буд, ки партоби моҳвора дар фосилаи аз 12 то 16 апрел сурат хоҳад гирифт. Кореяи шимолӣ исрор меварзад, ки тарҳаш сулҳомез аст, вале Амрико ва қудратҳои минтақавӣ онро як навъ пардапӯшӣ аз озмоиши мушаки раҳбурдии дурпарвоз медонанд, ки муноқизи қарорҳои СММ аст. Матбуоти Кореяи ҷанубӣ мегӯяд, Кореяи шимолӣ ба озмоиши севуми ҳастаияш низ омодагӣ мегирад. Сеул ва Токио ҳушдор додаанд, ки дар сурати таҳдид ба қаламравашон мушаки Пхенянро хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG