Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди ба поёни худ наздик шудани зарбулаҷали СММ ҷиҳати хуруҷи нирӯҳо аз шаҳрҳои Сурия, хушунатҳо дар ин кишвар идома доранд. Ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои давлатӣ шаҳрҳои Ҳамо ва Ҳумсро тирборон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, фақат дирӯз дар саросари Сурия 150 кас кушта шуданд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар пайи тирандозиҳои дирӯза, ки ду нафарро дар Туркия кушта ва чанд тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт, Сурияро ба «нақзи ошкор»-и марзҳояш айбдор кард. Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Сурия манотиқи дохили марзи Лубнонро низ тирборон кардаанд, ки дар натиҷааш як хабарнигори телевизиони Лубнон кушта шуд. Тибқи тарҳи Куфӣ Аннон, нирӯҳои Сурия бояд аз имрӯз ба хуруҷ аз шаҳрҳо оғоз кунанд ва аз рӯзи панҷшанбе оташбас ҷорӣ шавад.
XS
SM
MD
LG