Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар Ҳилманду Ҳирот


Маҳалли ҳамлаи маргталабона дар Гузара

Маҳалли ҳамлаи маргталабона дар Гузара

Бино ба хабарҳо, дар як ҳамлаи интиҳорӣ ба идораи пулиси улусволии Мӯсоқалъаи вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон 8 афсари пулис кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Посбонон яке аз ҳамлагарони қасди вуруд ба идораи пулис дар сарро куштанд, вале дуи дигар тавонистанд худро битарконанд. Қаблан бар асари ҳамлаи низ маргталабона ба як идораи давлатӣ дар улусволии Гузараи вилояти шарқии Ҳирот дастикам 9 тан, бо шумули афсарони амниятӣ, кушта шуданд. Ҳирот ба фарқ аз боқӣ вилоёти ҷануб ва шарқи Афғонистон то ҳол оромтар буд.
XS
SM
MD
LG