Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занозании тоҷикҳо дар пойтахти Русия


Бино ба хабарҳо, дар як занозании гурӯҳӣ бо ширкати дастикам 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар пойтахти Русия як тоҷик аз қафаси синааш корд хӯрда, ба бемористон афтодааст. Мақомоти пулиси Маскав гуфтаанд, ки занозанӣ шаби сешанбе дар назди Метромост, воқеъ дар хиёбони Комсомолская, рух додааст. Дар иртикоби ин қазия тибқи банди 111 Қонуни ҷиноии Русия (барқасдона расондани осеб ба саломати афрод) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG