Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангишт ба ҷои газу барқ дар корхонаҳои Тоҷикистон


Яксаду сиву як корхонаи саноатии Тоҷикистон, ки қаблан тавассути газу барқ фаъолият мекарданд, ба истифодаи ангишт гузаштаанд.

Як масъулини дафтари вазири саноат ва энержии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, то кунун 80 корхонаи тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, 20 корхонаи металлургӣ, 17 коргоҳи тавлиди консерва, корхонаи семент ва як коргоҳи шишагудозӣ фаъолияти худ бо истифода аз ангиштсангро ба роҳ андохтаанд.

Ин манбаъ дар вазорати энержӣ ҳамчунин афзуд, ки миёни корхонаи сементи Душанбе ва як ширкати чинӣ бо номи TBEA барои ба роҳ мондани истифода аз ангишт дар тавлиди семент қарордод шудааст ва мутахассисони ин ширкат дар ҳоли ҳозир машғули баррасии имкони насби дастгоҳҳои истифодаи ангиш дар ин корхона ҳастанд.

Ин корхона, ки рӯзона 600 тонна семент тавлид мекунад, ахиран ба далели қатъи интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон аз фаъолият боз мондааст.

Қатъи интиқоли газ ҳамчунин фаъолияти корхонаҳои дигари саноатии Тоҷикистон, аз қабили Талко ва корхонаи тавлиди маводи кимиёвиро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст. Ба ин далел ҳукумати Тҷоикистон талош дорад, ангиштсангро дар тавлидоти саноатӣ ҷойгузини гази табиӣ кунад.
XS
SM
MD
LG