Пайвандҳои дастрасӣ

Ситораҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон кумак меҷӯянд


Боно

Боно

ONE, як гурӯҳи мубориза бо фақр, ки ситораҳои маъруф Боно ва Боб Гелдоф таъсис додаанд, аз раҳбарони G8 хостанд, ба соҳаи кишоварзии 30 кишвари фақиртарини дунё сармоягузории бештар карда, ба гуруснагӣ ва сӯъитаъзия дар байни мардуми бенаво поён диҳанд. Феҳрасти кишварҳои ниёзманд кишварҳое, чун Бангладешу Бенин, Мозабик, Непал, Нигерия, Руанда, Серра-Леоне, Замбия, Уганда ва Тоҷикистону Эфиопияро дар бар мегирад. Сергиюс Сибом, яке аз масъулони ONE дар Берлин дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои ба дар ин феҳраст омадани Тоҷикистон гуфт: "Вақте мо дар таҳқиқоти худ роҳҳои коҳиши фақрро таҳлил кардем ва сармоягузории соҳаи кишоварзиро чун яке аз ин роҳҳо арзёбӣ кардем, мо ба интихоби давлатҳое пардохтем, ки мубориза бо фақрро дар меҳвари барномаҳои кишоварзии худ қарор додаанд. Тоҷикистон яке аз чунин давлатҳост, ки нақшаи коҳиши фақрро қабул кардааст. Инчунин яке аз меъёрҳои интихоб ин буд, ки ин давлатҳо тавони амалан коҳиш додани фақрро дошта бошанд."
Ба ҳисоби ин созмон, ин 30 кишвари фақиртарин макони чаҳоряк аз 1,4 миллиард фақирони дунёст ва ҳимояти молии кишварҳои пешрафта дастикам 50 миллион нафарро дар ин кишварҳо аз чанги фақр наҷот хоҳад дод. ONE дар пешорӯи нишасти сарони G8, ки моҳи май дар ҳошияи Вошингтон хоҳад гузашт, маъракаи вижаеро бо номи “Thrive”(“Шукуфоӣ”) ба роҳ андохтанист, ки ҷалби то 27 миллиард доллар кумак ба соҳаи кишоварзии 30 кишвари фақир, аз ҷумла Тоҷикистонро то соли 2015 ба ҳадаф дорад.
XS
SM
MD
LG