Пайвандҳои дастрасӣ

Фестивал ё Ҷашнвораи футболи АFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) байни наврасони то 14-солаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Исломободи Покистон оғоз ёфт, то рӯзи 16-уми апрел идома хоҳад кард.

Дар ин ҷашнвора, инчунин, сабқати дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар ин мусобиқа, ки рӯзи 11-уми апрел шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад кард.

“Ҷашнвора ба футболбозони навраси мо имкон медиҳад, таҷоруби байналмилалӣ касб карда, ба мусобиқоти оянда, ки таҳти сарпарастии Конфедеросиюни футболи Осиё баргузор хоҳад шуд, хуб омода шаванд,” - гуфт Раҷаб Расулов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ.

Дар ҷашнвора, инчунин, давраҳои бозомӯзии доварону мураббиёни ҷавон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора ду довари ҷавон – Наимҷон Мансуров ва Комилҷон Раҳмонов намояндагӣ хоҳанд кард.

Ҷашнвораи футболи AFC ба ғайр аз Тошканд, инчунин, дар Чин (15-28 апрел), Эрон (10-23 май) ва Малайзия (24 май– 6 июн) доир хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG